Намоиши аксҳо бахшида ба соли варзиш
Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 20 декабр бо ташаббуси Намояндагии ҳамкориҳои русиягӣ дар Тоҷикистон (Россотрудничество), Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Сафорати Русия ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи намоиши аксҳо бахшида ба «Соли варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар ҳудуди ИДМ» доир мегардад. Дар намоишгоҳ аксҳои варзишгарони шинохтаи тоҷику русиягӣ ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Ёдовар мешавем, ки бо ибтикори Шӯрои кор бо ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ, ки тайи ду соли ахир раисии онро раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов бар уҳда дошт, соли 2012 «Соли варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар ҳудуди ИДМ» эълон гардид.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






