Насби дастгоҳҳои муосир дар ҶСШК «Ресанда»
Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо дастгирӣ ва мусоидати Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда (риштаи пахтагин ва матои бофандагӣ), паст намудани арзиши аслии маҳсулот ва рақобатпазирӣ дар бозори истеҳсолӣ дар ҶСШК «Ресанда» аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба миқдори зиёда аз 3 млн. долл. ИМА дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ, аз қабили дастгоҳҳои ресандагӣ ва бофандагӣ харид ва ворид гардида, дар айни ҳол дар ҳамкорӣ бо мутахассисони хитоӣ васлу насби онҳо оғоз гардидааст. Тибқи иттилои котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ баъд аз истифодаи чунин дастгоҳҳо дар корхона ҷойҳои корӣ зиёд ва сифати маҳсулот беҳтар хоҳад шуд. Ин имконият медиҳад, то маҳсулоти корхона ба хориҷи кишвар, аз ҷумла давлатҳои Аврупо содир шавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






