Нашри луғати тоҷикӣ-қирғизӣ

Декабрь 10, 2012 16:30

Хоруғ, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Дар ноҳияи Мурғоб ба омӯзиши забони давлатӣ эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Имрӯз қариб дар саросари ноҳия таҳти сарпарастии донандагони забонҳои қирғизию тоҷикӣ маҳфилҳои омӯзиши забони давлатӣ фаъолият доранд. Дар дӯконҳои китобфурӯшии ВМКБ луғати тоҷикӣ — қирғизӣ дар фурӯш аст, он дар шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон интишор ёфта, нахустин луғати тоҷикӣ-қирғизӣ ба шумор меравад. Ин луғатро узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи «Сарикол» Султон Парманов таҳия намудааст. Ба ақидаи таҳиягари луғати мазкур он ба сокинони қирғизтабори Мурғоб ҷиҳати хубтар омӯхтани забони давлатӣ мусоидат мекунад.

Декабрь 10, 2012 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад