Натиҷаҳои сафари як вакил ба Беларус
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова, Маҳмадулло Пириев).- Бо даъвати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус охирҳои моҳи ноябри соли ҷорӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Н. Оқилов ба ин кишвар сафари хизматӣ намуд.Гуфта шуд, ки зимни сафар Н. Оқилов дар мизи мудаввари байналхалқӣ «Оид ба таъмини сифати таҳсилоти томактабӣ дар шаклҳои гуногуни ташкили он дар деҳот», ки дар Беларус доир гардид, ширкат варзид. Мизи мудаввар аз шиносоӣ бо кори Муассисаҳои томактабӣ ва мактаби деҳаи Александрияи ноҳияи Шклови вилояти Могилёв оғоз гардид. Ҳангоми боздид аз осорхонаи ин вилоят китоби «Подвиг Эмомали Рахмона», ки дар бораи корнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақл менамояд (муаллифон Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин) бо забони беларусӣ ва ҳамчунин расмҳо аз сафари Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохўриҳояш дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хотира тақдим гардиданд, ки онро мактабиён ва роҳбарияти осорхонаву мактаб бо камоли мамнуният пазируфтанд. Ба хонандагони мактаб, омўзгорон, иштирокчиёни чорабинӣ, меҳмонон аз ҷумҳуриҳои Украина, Туркманистон, Беларус, Русия дар бораи сулҳу ваҳдати тоҷикон, пешрафти Тоҷикистон, фаъолияти парлумони кишвар маълумоти мухтасар ва ба саволҳои зиёди онҳо посухҳои муфассал дода шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






