Нишасти матбуотӣ бо иштироки Шариф Раҳимзода ва Марша Олив

Декабрь 11, 2012 17:53

Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло, Афшини Муқим).- Имрӯз пас аз баргузор гардидани Ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назли Презиленти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми рушди Тоҷикистон дар бустонсарои ҳукуматӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ва Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд Марша Олив нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар ин нишсат доираи васеи хабарнигорони ватанӣ ширкат намуда, ба суолҳои хеш посухҳои мушаххас ширифтанд. Шариф Раҳимзода пазируфта шудани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдоро василаи муҳиме дар самти рушди иқтисодиёти кишвар унвон намуда, таъкид дошт, ки бо истифода аз шароитҳои мавҷуда ҷаҳд хоҳанд кард, то сатҳи камбизоатиро дар кишвар поин бурда, ба беҳдошти иқтисодии аҳолии мамлакат таъсири мусбат гузоранд.  Марша Олив низ дар навбати худ омодагии Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушдро ҷиҳати дастгирии минбаъдаи Тоҷикистон дар бахши иқтисод ва ба ин васила таҳкими иқтисоди миллии Тоҷикистон иброз намуд.

Декабрь 11, 2012 17:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд