Ноболиғони гунаҳкор дастгир шуданд
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). – Кормандони шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ғафурови вилояти Суғд беш аз 120 ҳазор адад асбобҳои пиротехникиро мусодира намуданд.Мувофиқи хабари ВКД ҷумҳурӣ, хонандагони синфҳои 10 ва 11 – и мактабҳои пойтахт Хуршед Қирғиззода ва Ромизи Қиёмиддин бо гумонбари фурӯши ғайриқонунии асбобҳои пиротехникӣ дастгир гардида, аз онҳо 90 ҳазору 480 адад асбоби пиротехникӣ мусодира ва нест карда шуд. Ғайр аз ин, кормандони милисаи ноҳияи Ғафуров аз сокини ноболиғи ин ноҳия беш аз 28 ҳазор асбоби пиротехникиро дарёфт намуданд.Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.Хотирнишон месозем, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1997 дар кишвар ворид намудан, фурӯхтан ва истифодаи асбобҳои пиротехникӣ расман манъ шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






