Нобудсозии 213 кило маводи мухаддир

Декабрь 19, 2012 12:39

Душанбе,19 декабр.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода)-Беш аз 213 кило маводи мухаддир чун далели шайъии 15 парвандаи ҷиноӣ,дар печи махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 декабр бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд. Тавре ки сомонаи расмии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод,аз миқдори умумии мухаддироти сӯзондашуда 11 килову 128 грамми он героин буда, ҳашиш 184 килову 608 грамм, афюн 4 килову 55 грамм ва мухаддироти гуруҳи каннабис 13 килову 212 граммро ташкил дод. Ҳиссаи бештари мухаддироте, ки сӯзонида шуд, ҳашиш (зиёда аз 184 кило) буд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар дар ҷараёни созмондиҳии тадобири фаврию ҷустуҷӯӣ мусодира кардаанд. Маврид ба ёдоварист, ки аз аввали сол аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовар то ҳоло 480 воситаи нашъадор сӯзонида нобуд шудааст.

Декабрь 19, 2012 12:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд