Ноуҳдабароӣ-сабаби аслии садамаҳои нақлиётӣ
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).- Ба иттилои корманди шӯъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадшариф Шамсов аз 2 то 9 декабри соли ҷорӣ дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳўрӣ 25 садамаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 8 нафар ба ҳалокат расида, 25 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Аз ҷумла, дар шаҳри Панҷакент 5 декабр соати 17.10 мошини тамғаи «Дэу-Муссо» таҳти идораи ронанда Собирқул Муродқулов ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Косатарош аз уҳдаи идораи мошин набаромада, онро дар канори роҳ чаппа мекунад, ки дар натиҷа мусофири дохили мошин Абдурауф Мухторов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ҳалок мегардад. Ҳамчунин 6 декабр, соати 16:20 дар шаҳри Кӯлоб мошини тамғаи «Дэу-Нексия» таҳти идораи ронанда Ҳошим Одинаев ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Зиракӣ аз ўхдаи идораи мошин набаромада, ба дарахти канори роҳ бар мехурад, ки дар натиҷа худи ронанда ва мусофири он Шодӣ Зоиров ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






