О. Оқилов вазъи иншооти мелиоративиро баррасӣ кард
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов вобаста ба беҳсозии вазъи иншооти мелиоративӣ ва омодагӣ ба мавсими нави обёрӣ дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд машварати корӣ баргузор шуд.Тавре ки таъкид шуд, дар давоми ду соли охир бо назардошти кӯҳнаю фарсуда шудани таҷҳизоти пойгоҳҳои обкашӣ дар қаламрави ноҳия вазъи корҳои обёрӣ ва таъминоти об ташвишовар гардида, хусусан соҳаи кишоварзии ноҳия ба камбудиҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардидааст.Оқил Оқилов барои ҳалли мушкилоти мавҷуда, бахусус давра ба давра аз таъмир баровардани муҳаррикҳои барқӣ ва дигар таҷҳизоти пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафаробод, дарёфти манбаъҳои маблағгузории таъмири таҷҳизот, аз тариқи ҳашар ба роҳ мондани корҳои тозакунии чоҳҳои об ва дигар иншооти мелиоративӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид кард, ки барои ҳалли мушкилоту камбудиҳои рафти омодагии иншооти мелиоративии ноҳия ба мавсими нави обёрӣ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






