Паркингҳо дар пойтахт пулакӣ мешаванд?
Душанбе, 4 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Интизор меравад, ки шаҳрдории Душанбе ояндаи наздик истифодаи муваққатии таваққуфгоҳҳои сарироҳӣ (паркингҳо)-ро дар пойтахт пулакӣ намояд. Масъалаи мазкур дар ҷаласае, ки дар ҳузури раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, матраҳ гардид.
Дар робита ба ин раиси шаҳр зикр намуд, ки татбиқи муқаррароти санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда бо таҳияи Низомнома дар ин самт қарори марбутаи раиси шаҳрро пешниҳод намоянд.Ин тадбир бо мақсади мусоидат ба ҳаракати бемайлони нақлиёти ҷамъиятӣ, пешгирӣ аз танбашавӣ /пробка/ ва ба танзим даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти хусусӣ дар роҳҳои хатсайри нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ба хизматрасонии таксӣ андешида мешавад. Таъкид гардидааст, ки дар ин самт таҷрибаи шаҳри Алма-атои Қазоқистон ва дигар шаҳрҳои мамолики мутараққии ҷаҳон истифода хоҳад шуд.11.03








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






