Парлумон санади муҳимро то тобистон ба тасвиб хоҳад расонд
Душанбе, 11 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Парлумони Тоҷикистон то 7 июни сол 2013 санади узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат /СҶТ/ бояд ба тасвиб расонад ва баъди аз 30 рўзи огоҳ кардани СҶТ аз тасвиби узвият ба ин созмон Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи СҶТ мегардад ва кишвари мо муваззаф мешавад, ки тамоми созишномаҳои СҶТ-ро дар қаламрави кишвар татбиқ намояд. Бояд тазаккур дод, ки шоми 10 декабр баъди он, ки тамоми аъзои СҶТ бастаи санадҳои воридшавии Тоҷикистонро ба СҶТ қабул карданд, Шўрои умумии СҶТ дар нишасти худ узвияти Тоҷикистонро ба ин созмон тасдиқ намуд. Саидмўъмин Камолов – Роҳбари миллии барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон»-и Маркази байналмилалии тиҷорат (МБТ) мегўяд, ки ин қадами ниҳоии раванди узвияти Тоҷикистон ба СҶТ буд, ки баъди гуфтушунидҳои дуҷонибаву чандҷонибаи даҳсола анҷом пазируфт.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






