Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон дар Хадамоти муҳоҷират
Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Имрӯз тибқи Нақшаи чорабиниҳои Хадамоти муҳоҷират бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ботантана доир гардид. Дар чорабинӣ сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи ХМ Абдуллоҳи Қодирӣ дар бораи таҷлили ин сана ва гиромидошти Рӯзи байнамилалии муҳоҷирон, аҳамияти ин рӯз дар ҷаҳони муосир ва самтҳои фаъолияти ХМ дар тӯли якуним сол, ваколатҳои ХМ ва нақшаи чорабиниҳои Хадамоти муҳоҷират суҳбат намуд. Ў қайд намуд, ки мувофиқи санҷиши гузаронидаи коршиносон, ҳар нафари сиву панҷуми курраи замин муҳоҷир буда, дур аз ватани хеш кору фаъолият дорад. Ҳамасола дар ин рӯз ҷомеаи байналмилалӣ аз давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал меорад, ки таваҷҷуҳи хоссаро ба шумораи зиёди муҳоҷирон, ки дур аз манзиланд ва ба кӯмаку дастгирӣ эҳтиёҷ доранд, равона созанд. Инчунин қайд намуд, ки Хадамоти муҳоҷират бахшида ба ин рӯз як қатор вохӯриҳо бо коршиносони соҳаи муҳоҷират, мусоҳиба бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар фурудгоҳ ва вокзали Роҳи оҳани шаҳри Душанбе ва таҳияи мақолаи мукаммал оид ба баргузории Рӯзи байналмилалии муҳоҷир, конфронс бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир, ки дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия мегузарад, баргузор намояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






