Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи бемории АНМБ
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Бо мақсади боло бурдани маърифати аҳолӣ ва дастгирии шахсони бо ВНМБ/АНМБ зиндагикунанда аз соли 1988 инҷониб 1 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи бемории Аломати норасоии масъунияти бадан қайд мешавад.Бо ин мақсад дар муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи Аломати норасоии масъунияти бадан чорабиниҳои гуногун баргузор гардиданд.Инчунин Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории СПИД -и шаҳри Душанбе бо намояндагони якчанд ташкилоти ғайридавлатӣ, ки бо масъалаҳои ВНМБ фаъолият доранд, дар Маркази саломатии шаҳрии рақами 10 чорабиниҳо гузаронданд. Дар чорабинӣ намояндагони Раёсати тандурустии шаҳрӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ суханронӣ карданд ва озмунҳову бозиҳои гуногун гузарониданд. Дар илова, кормандони соҳаи тибб ба ҳозирин оид ба ВНМБ/АНМБ, бемории сил ва сироятҳои бо роҳҳои ҷинсӣ гузаранда маълумот доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






