Роҳандозии лоиҳаи нави Иттиҳоди Аврупо

Декабрь 21, 2012 12:14

Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Иттиҳоди Аврупо лоиҳаи нави «Мусоидати техникӣ барои густариши низоми иттилоотии тандурустӣ» дар Тоҷикистонро маблағгузорӣ мекунад.Тавре ки аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, лоиҳаи мазкур ба маблағи 3 миллиону 400 ҳазор евро бо роҳбарии ширкати EPOS Management (ЭПОС менеҷмент) – и Олмон дар амал татбиқ мешавад. Мубодилаи ахбор дар бораи вазъи саломатии аҳолӣ ва хидматрасонии тиббӣ дар кишвар ба роҳбарони баландпояи низоми тандурустӣ имкон медиҳад, ки барои беҳдошти тансиҳатии аҳолӣ чораҳои судманд бинанд.Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъулияти ҷамъоварию ҳифзи омори расмии ҳукуматиро ба ӯҳда дорад, яке аз гурӯҳҳои мақсадноки лоиҳа ба шумор меравад.

Декабрь 21, 2012 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд