Сӯҳбат дар ВКХ ҶТ
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар»). – 11 декабр муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо Сафири ИМА дар ҶТ Сюзан Эллиотт сӯҳбат намуд.Дар ҷараёни сӯҳбат масоили ҳамкории дуҷониба ва имконияти густариши ҳамкорӣ дар бахшҳое, ки диққати тарафайнро ба худ ҷалб мекунанд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Низомиддин Зоҳидов ҳамчунин бо Сафири Литва дар Тоҷикистон Рокас Бернотас сӯҳбат намуд. Тарафайн масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.Муовини вазир аз вазъи ҳозираи ҳамкории миёни Тоҷикистону Литва изҳори қаноатмандӣ карда, зарурати инкишофи равобит дар бахши тиҷорату иқтисодиётро зикр намуд. Тарафайн ҳамчунин масоили ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷониба дар ҳошияи созмонҳои байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






