Сафари Алиризо Баҳромӣ ба МОИ «Суғд»
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). – Ба карибӣ муовини Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Баҳромӣ аз Минтақаи озоди иқтисодии (МОИ) «Суғд» боздид намуд. Тавре ки аз маъмурияти МОИ «Суғд» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот муовини роҳбари маъмурияти МОИ «Суғд» У.Норматов аз фаъолияти маъмурият нақл карда, меҳмононро бо самтҳои афзалиятноки фаъолияти саноатию сармоягузорӣ ва лоиҳаҳои марбут ба фароҳам овардани шароити мусоиду ҷолиб барои сармоягузорон ва осон гардонидани усулҳои тиҷорат шинос намуд.Алиризо Баҳромӣ дар навбати худ аз фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Эрон нақл кард. Мувофиқи суханони мавсуф, дар Эрон 6 минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият дошта, 800 корхонаҳои онҳо якҷоя бо соҳибкорони кишварҳои мухталиф аз ҷумлаи Куриё, Ҷопон, Испаниё ва Чин маҳсулоти гуногун тавлид менамоянд.Меҳмонон дар ҷараёни мулоқот масоили тартиботи гумрукӣ ва таъмини инфрасохтор дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», роҳандозии ҳамкорӣ бо намояндагони аҳли тиҷорати кишварҳои хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






