Сафари донишҷӯёни тоҷик ба Чин
Душанде, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Суғдмеҳри Маъруфзод).-26-уми декабри соли ҷорӣ гуруҳи 26- нафараи ҷавонони тоҷик, хатмкунандагони Донишгоҳи технологӣ ва политехникии кишвар бо мақсади гузаронидани давраи таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос ва азхуд намудани тахассус ва малакаю маҳорати кордонӣ дар соҳаи коркард ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ-семент бо кӯмак ва дастгирии бевоситаи ширкати «Хуа-Син Ғайюр» ба Чин сафар намуданд. Ёдовар мешевем, ки 25 сентябри соли ҷорӣ 70 нафар ҷавонон ҷиҳати таҷриба ва омӯзиши малакаю маҳорат ва такмили ихтисосу савияи дониши худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафарбар гардида буданд Гуруҳи аввал 25-уми сентябр ва гурӯҳи дуввум 26 –уми декабр сафар намуданд. Тамоми хароҷот барои ҳарду гуруҳ 5 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.Бояд зикр намуд, ки дар баробари фиристодани шаҳрвандони ҶТ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчунин мутахассисони варзида низ аз ин кишвар оварда мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






