Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Туркия
Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ озими Ҷумҳурии Туркия шуд.Тайи ин сафар Сарвари давлати Тоҷикистон бо Президенти ин кишвар Абдулло Гул, Сарвазири он Реҷеп Тайип Эрдоган, Раиси Парлумони Туркия Ҷемил Чичек ва дигар намояндагони воломақоми ин давлат мулоқотҳо анҷом дода, масоили ҳамкории бисёрҷанбаи ду кишварро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти расмӣ як зумра санадҳои нави ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни муносиботи ду икшвар ба имзо хоҳанд расид.Зимни ин сафар ҳамчунин форуми соҳибкорону тоҷирони ду кишвар, иштирок дар маросими Шаби Арӯс, ки манзур аз он ёдбуд аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мебошад ва боздид аз Донишгоҳи ба номи Мавлоно дар назар аст.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






