Ш. Шабдолов: «Набояд ба самти Аврупо майл кунем»

Декабрь 20, 2012 17:27

Душанбе, 20 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- “Алҳол дар ҷумҳурӣ 29 маркази буҳронӣ, 8 паноҳгоҳи муваққатӣ ва 87 маркази машваратию иттилоотӣ фаъолият доранд, ки танҳо дар соли равон беш аз 32 ҳазор шаҳрванд ба онҳо доир ба таҳдид, таҳқир, мушкилоти бекор намудани ақди никоҳ муроҷиат кардаанд», гуфт зимни баррасӣ ва қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» вакили Маҷлиси намояндагон Насрулло Маҳмудов . Мавсуф афзуд, ки 35 % муроҷиаткунандагон бо далели зўроварӣ дар оила арз намудаанд. Вакили палатаи поёнии парлумони мамлакат изҳор дошт, ки ташкили чунин марказҳо дар ҷумҳурӣ дар бобати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва устувории оилаҳо, ҷилавгирӣ аз зўроварӣ дар оила нақши муассир мебозанд. Аз ҷониби Вазорати тандурустии кишвар дар назди беморхонаҳои марказии ҳашт шаҳру ноҳияи мамлакат шуъбаҳои офиятбахшӣ созмон дода шудаанд. Шахсоне, ки дар оила хушунат дидаанд, дар ин марказҳо кўмаки тиббӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ мегиранд. Бояд зикр кард, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» қонуни муҳим ва хусусияти иҷтимоӣ дошта, аз хушунат дар хонаводаҳо ҷилавгирӣ менамояд. Лоиҳаи қонуни мазкур ҳафт чораи пешгирикунандаи зўроварӣ дар оиларо тавассути расондани кўмаки тиббию равонӣ ва ҳуқуқӣ ба шахсони осебдида муайян кардааст, ки онҳо суҳбатҳои тарбиявӣ, ба мақомоти корҳои дохилӣ овардани шахси дар оила зўроваринамуда, амрномаи муҳофизатӣ, дастгиркунии маъмурӣ, маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ, васоят ё парасторист.  Шодӣ Шабдолов, вакил аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гуфт, ки қабули қонуни ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ дар кишвар аз сўи парлумон муҳим ва саривақтист. Мавсуф афзуд, ки мардуми тоҷик дорои анъанаҳо ва суннатҳои нек ва устувори оиладорианд ва дар мавриди пайдо шудани мушкилот дар муносибатҳои оилавӣ , хусусан ҷой доштани зўроварӣ дар оила ба мақомоти ҳифзи ҳукуқ муроҷиат накарда, балки дар худи муҳит бо истифода аз маслиҳати калонсолон, шахсоне, ки пастию баландии зиндагиро дидаанд, муноқишаҳои оилавӣ бартараф мешаванд ва шахсони бо иззату эҳтиром чунин оилаҳоро ба ҳамдигарфаҳмию тафоҳум ҳидоят мекунанд. Роҳбари Ҳизби коммунистони кишвар таъкид кард, ки дар шароити ҷаҳонишавии ҷомеаи мо набояд анъанаҳои миллиро дар масъалаи муносибатҳои оилавӣ аз даст диҳем. Ва ба он самте, ки дар Аврупо ҳаст, мо ба он набояд майл кунем, зеро дар кишварҳои аврупоӣ барои як торсакии сабукак кўдаконро аз падару модар ҷудо карда, ба интернатҳо медиҳанд. Инчунин самти ҳаракат ва фаъолияти баъзе созмонҳои байналмилалӣ чунин аст, ки мегўянд волидайн ба оила таъсир расонида наметавонад. Ин ҳолатҳо дар кишварҳои ғарбӣ, хусусан дар Финляндия ҳаст, мо онро дидем. Аз ин рў, мо бояд нисбат ба ин масъала эҳтиёткор бошем, таъкид кард Шодӣ Шабдолов.

Декабрь 20, 2012 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
27 июл дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Имрӯз дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад