«Шоме бо Низомӣ» дар Китобхонаи миллӣ
Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). – 25-уми декабр дар Китобхонаи миллӣ маҳфили «Шоме бо Низомӣ» доир мегардад.Дар маҳфил аз рӯи ашъори пурғановати Низомии Ганҷавӣ барнома омода гардидааст, ки дар он аз «Панҷ ганҷ», «Шамъи суханро нафасафрӯз кун», «Зи сӯзи ишқ беҳтар дар ҷаҳон чист», «Садои ишқ» ва «Дар луғати ишқ сухан ҷони мост» ва дигар ашъори шоир ҷой дода шудааст.Ашъори шоир дар иҷрои ҳунармандон Муродбек Насриддинов, Қурбоналӣ Раҳмонов, Некқадам Шоҳназаров, Малоҳат Абдуллоева, Хуршед Мустафоев, Убайдуллои Каромат ва донишҷӯёни студияи актёрии Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ садо медиҳад.Ёдовар бояд шуд, ки ровии маҳфил Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ортиқи Қодир мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






