Шумораи занон дар умури идораи давлат афзудааст

Декабрь 21, 2012 16:44

Душанбе, 21 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Шумораи занҳое, ки дар мансабҳои гуногуни хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон фаъолият доранд, ба 5 ҳазор расидааст», гуфт Назира Fаффорова –муовини раиси Маҷлиси намояндагони кишвар зимни машварати ҷамъбастии ҷаласаҳои маҳфили мубоҳисавии занон, ки имрўз дар Душанбе баргузор гардид. Н. Ғаффорова афзоиши шумораи занон дар умури идораи давлатро дар татбиқи сиёсати давлатии гендерӣ арзёбӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа тадбирҳои самарабахш андешидааст. Баланд бардоштани мақоми занон, омода намудани кадрҳои болаёқат аз ҳисоби занону духтарон, ҳунаромўзӣ ва бо ҷои кор таъмин намудани занон, рушди фаъолияти занони соҳибкор, ҷалби онҳо ба ҳаёти сиёсиву фарҳангӣ аз ҳамин қабил аст.Фармони Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» на танҳо барои баланд бардоштани мавқеи занон мусоидат намуд, балки дар таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» заминаи мусоид фароҳам овард.Дар ҷаласаи маҳфили мубоҳисавӣ, ки вакилзанони палатаи поёнии парлумони кишвар ва намояндагони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд, масъалаҳои марбут ба ҳаёти занону духтарон, хусусан ҳалли мушкилоти ҷойдошта, бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо, касбомўзии духтарон, ҷилавгирии ҳодисаҳои номатлуб дар байни занону духтарон, ҷудошавии оилаҳо ва соири масъалҳои марбут ба ҳаёти занон баррасӣ шуданд.

Декабрь 21, 2012 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд