Сохтмони нақби «Чормағзак» вусъат меёбад

Декабрь 13, 2012 17:05

Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар ҳошияи лоиҳаи бунёди нақби «Чормағзак» аз аввали сол масофаи 2 ҳазору 112 метр пармакорӣ ва 2 ҳазору 56 метр бетонрезӣ шудааст. Аз оғози татбиқи лоиҳаи мазкур ҷамъ масофаи 4 ҳазору 110 метр пармакорӣ ва 3 ҳазору 760 метр бетонрезӣ гардидааст. Дар ин бора муовини директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаи роҳи мошингарди «Душанбе – Чаноқ» — и Вазорати нақлиёти ҶТ Рустам Абдуллоев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.Мувофиқи суханони Рустам Абдуллоев, дар иншооти мазкур беш аз 70 адад техникаи махсус мавриди истифода қарор дошта, 250 нафар кор мекунад, ки 92 нафари онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Алҳол пармакорию бетонрезӣ дар иншоот мувофиқи ҷадвал идома дорад.Қобили зикр аст, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Чормағзак» масофаи роҳи мошингарди Душанбе — Ваҳдат — Кӯлоб нисбат ба масофаи роҳи Душанбе — Қӯрғонтеппа — Кӯлоб баробари 100 километр кӯтоҳ мегардад. Тибқи лоиҳа масофаи умумии нақби «Чормағзак» 4 ҳазору 430 метрро ташкил медиҳад. Лоиҳа аз ҳисоби қарзи Ҳукумати Чин дар амал татбиқ мешавад.

Декабрь 13, 2012 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд