Сохтмони роҳи «Шугон – Зиғар» вусъат меёбад
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Марҳилаи сеюми сохтмони роҳи мошингарди «Шугон – Зиғар» идома дошта, ба ин ҷо таҷҳизоти нав ва техникаи махсус оварда шудааст. Тавре ки аз Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди «Шугон – Зиғар» — и Вазорати нақлиёти ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, техникаи нав имкон дод, ки корҳои сохтмонӣ тезонида ва сифати кор беҳтар карда шавад. Дар ин иншоот 57 адад техникаи мухталиф мавриди истифода қарор дорад.Пудратчии асосии сохтмони роҳи мошингард ширкати «Sober» («Собир») — и Эрон мебошад. Масофаи марҳилаи сеюми лоиҳа 18,7 километрро ташкил дода, мӯҳлати иҷрои он ду сол аст. Масофаи умумии роҳ 34 километр буда, арзиши он 34 миллион доллари ИМА – ро ташкил медиҳад. Иншооти мазкур бояд дар даҳаи чоруми соли 2013 ба истифода дода шавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






