Созишномаи нави Тоҷикистону Ҷопон
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Созишномаи нав ҷиҳати маблағгузории бебозгашти лоиҳаи Анҷумани кӯмаку дастгирии Ҷопон барои такмили хидматрасонии шахсони имкониятҳояшон маҳдуди Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардид. Дар асоси ин созишнома бинои нави Маркази ҷумҳуриявии эҳё барои кӯдакони маъюби шаҳри Ваҳдат бунёд мегардад.Созишномаро Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Хироюки Имахаши ва танзимгари барномаҳои Анҷумани кӯмаку дастгирии Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йошио Накагава имзо намуданд.Дар маросими имзои созишнома сардори шӯъбаи ҳифзи тандурустии модару кӯдаки Вазорати нигаҳдории тандурустии ҶТ Азиза Хоҷаева, директори Маркази ҷумҳуриявии эҳё барои кӯдакони маъюби шаҳри Ваҳдат Қамариддин Шоев ва роҳбари Созмони ҷамъиятии «Дилшод» Сайдулло Фақеров ширкат доштанд.Хироюки Имахаши зикр намуд, ки Ҷопон ва Тоҷикистон тайи 20 соли охир ҳамкории мутақобилан муфиди дуҷонибаро дар бахшҳои мухталиф инкишоф медиҳанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






