Суханронии Сафири Тоҷикистон дар Донишгоҳи озоди Берлин
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомуддин Сатторов дар ҳузури профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи озоди Берлин бахшида ба сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кард.Имомуддин Сатторов зимни суханрониаш аз рушди сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар марҳилаи ҳозира ва перомуни ислоҳоту барномаҳое нақл кард, ки мақсад аз онҳо баланд бардоштани мақоми ниҳодҳои демократӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, такмили бахши иҷтимоӣ ва таъмини рушду густариши босуръати иқтисодии кишвар аст. Мавсуф дар мавриди самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон қайд намуд, ки Ҳукумати кишвар дар ҳошияи татбиқи сиёсати хориҷӣ консепсияи «дарҳои кушода» ва мавқеи қавиро дар амри масоили мубрами ҷаҳонию минтақавӣ пеш мегирад.Донишгоҳи озоди Берлин яке аз марказҳои муҳимтарини маорифу илми Олмон маҳсуб ёфта, яке аз марказҳои интернатсионалии Аврупо ба шумор меравад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






