Сухансарои бузурги тамоми қарнҳо
Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 870-солагии сухансарои бузурги тамоми қарнҳо Ҳаким Низомии Ганҷавӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов оғоз намуд. Дар ҳамоиш вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошохрух Асрорӣ, Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон Аббосалӣ Гасанов дар бораи саҳми арзандаи Низомии Ганҷавӣ дар адабиёти форсу тоҷик суханронӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки соли оянда ҳам солгарди Низомии Ганҷавӣ дар Душанбе ҷашн гирифта шавад ва аз Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳунармандон таклиф шаванд. Сипас суханронии номзади илми филология Валӣ Самад дар мавзӯи «Низомӣ- пайвандгари руҳи тоҷикӣ ва озарӣ», суханронии номзади илми филология Шодимуҳаммад Сӯфизода дар мавзӯи «Низомӣ — саромади соқиномасароӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ шунида шуд. Дар як гӯшаи китобхона аз осори Низомии Ганҷавӣ китобҳо гузошта шуда буданд. Ҳамчунин китоби Низомии Ганҷавӣ «Хамса» ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим шуд. «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ бо рангинии мазмун, тозагии санъат, ғановати забон, пардози сухан ва маҳорати нигорандагии муаллиф машҳур гардида, дар он масоили муҳими иҷтимоӣ ва ахлоқӣ оварда шудааст. Муаллиф мардумро ба кӯшишу кор, илму донишомӯзӣ, ғанимат донистани умр, покии ахлоқ, шарму ҳаё, ҳакиқатгӯию накӯкорӣ ва ғамхорӣ нисбат ба одамон тарғиб намуда, подшоҳонро ба адолатгустарӣ ва саховату раъиятпарварӣ ҳидоят мекунад.Китоб бо дастгирии Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов ба табъ расидааст. Ҳамзамон ба ифтихори 870-солагии Ҳаким Низомии Ганҷавӣ маҳфили адабӣ таҳти унвони «Шоме бо Низомӣ» доир мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






