Тақсими замини манзилӣ дар Кӯлоб
Кӯлоб, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар шаҳри Кӯлоб дар асоси қарори Ҳукумати ҶТ тақсими замини манзилӣ идома дошта, сокинони эҳтиёҷманди шаҳр тавассути қуръапартоӣ соҳиби замин мегарданд. Ба иттилои сармеъмори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Кӯлоб Нуриддин Бозоров, то ин давра тавассути комиссия ҳуҷҷатҳои 615 хонаи истиқоматии шаҳрвандони аз офати табиӣ зарардида пурра санҷида шуда, барои гирифтани қарори раиси шаҳр пешниҳод гардиданд. Баъди тадқиқ тавассути қуръапартоӣ ба 260 оилаи таркибии осебдида ва 337 нафар эҳтиёҷманд аз маҳаллаҳои навбунёд замини наздиҳавлигӣ ҷудо шуд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






