Тақвияти ҳамкориҳо миёни ду ҳизб
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Манижаи Баҳромзода).-Имрӯз дар бинои «Кохи Ваҳдат» бо ибтикори намояндагони Ҳизби Коммунисти Чин ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон брифинги ҳайати Ҳизби Коммунисти Чин оид ба Анҷумани XVIII-уми ҳизб,сиёсати дохилӣ ва хориҷии Чин баргузор гардид. Намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,муовини раиси ҳизб Асрор Латипов мақсади асосии боздиди мазкурро дар шинос намудани аъзои Ҳизби Халқии Демократии кишвар бо ҳуҷҷатҳои Анҷумани XVIII-уми Ҳизби Коммунисти Чин ва рушди ҳамкориҳои минбаъда миёни ин ду ҳизб ном бурд.Мудири департаменти шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Чин Чен Жуйфэн зимни мулоқот иброз дошт, ки яке аз масъалаҳои асосии рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва техникииЧину Тоҷикистон иборат аст. Ёдрас мешавем,ки Ҳизби Коммунисти Чин ҳизби калонтарин ба ҳисоб рафта, ҳамкории худро бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз соли 2012 оғоз намудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






