Тақвияти назорати давлатии сифат

Декабрь 21, 2012 14:30

Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба сифат, бехатарии маҳсулот, кор ва хизматрасонии назди Агентии «Тоҷикстандарт» баргузор гардид. Аз Агентии «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013-2015», ҷорӣ намудани низоми нави менеҷменти сифат дар корхонаҳои ватанӣ, пурзӯр намудани назорати давлатӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ ва амсоли инҳо муҳокима ва баррасӣ шуданд, ки ҳамаи ин ба раванди татбиқи барномаҳои Тоҷикистон дар доираи Созмони ҷаҳонии тиҷорат мусоидат мекунад. Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба сифат, бехатарии маҳсулот, кор ва хизматрасонии назди Агентии «Тоҷикстандарт» чанд сол аст, ки аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор фаъолият мекунад.

Декабрь 21, 2012 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад