Таҷҳизи озмоишгоҳҳои «Тоҷикстандарт» бо асбобҳои метрологии нав
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дирўз дар Агентии «Тоҷикстандарт» таҳти унвони «Таъминоти метрологии воситаҳои ченак дар соҳаи энергетика» семинари омӯзишӣ доир гардид, ки дар он мутахассисони Ҷумҳурии Лаҳистон бо мутахассисони соҳаи барқ ва озмоишгоҳи метрологии «Тоҷикстандарт» дар масоили навгониҳои соҳа табодули назар карданд. Аз «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин семинар бо мақсади татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013-2015» ва ҷиҳати ҳамоҳангсозии стандартҳои миллӣ ба стандартҳои байналмилаливу аврупоӣ, ки аз талабҳои асосии Созмони Ҷаҳонии Савдо оид ба монеаҳои техникӣ дар савдо аст, инчунин таҷҳизи озмоишгоҳҳои санҷишӣ бо асбобҳои ченкунии самаранокии энергетикии асбобҳои барқию маишӣ роҳандозӣ шуд. Дар семинар чанд номгӯй асбоби метрологии нави ҷавобгўй ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва аврупоӣ, ки озмоишгоҳҳои метрологии «Тоҷикстандарт» бо онҳо ҷиҳозонида мешаванд, муаррифӣ гардид.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






