Таҷҳизи озмоишгоҳҳои «Тоҷикстандарт» бо асбобҳои метрологии нав

Декабрь 12, 2012 13:54

Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дирўз дар Агентии «Тоҷикстандарт» таҳти унвони «Таъминоти метрологии воситаҳои ченак дар соҳаи энергетика» семинари омӯзишӣ доир гардид, ки дар он мутахассисони Ҷумҳурии Лаҳистон бо мутахассисони соҳаи барқ ва озмоишгоҳи метрологии «Тоҷикстандарт» дар масоили навгониҳои соҳа табодули назар карданд. Аз «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин семинар бо мақсади татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013-2015» ва ҷиҳати ҳамоҳангсозии стандартҳои миллӣ ба стандартҳои байналмилаливу аврупоӣ, ки аз талабҳои асосии Созмони Ҷаҳонии Савдо оид ба монеаҳои техникӣ дар савдо аст, инчунин таҷҳизи озмоишгоҳҳои санҷишӣ бо асбобҳои ченкунии самаранокии энергетикии асбобҳои барқию маишӣ роҳандозӣ шуд. Дар семинар чанд номгӯй асбоби метрологии нави ҷавобгўй ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва аврупоӣ, ки озмоишгоҳҳои метрологии «Тоҷикстандарт» бо онҳо ҷиҳозонида мешаванд, муаррифӣ гардид.

Декабрь 12, 2012 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад