Таҷҳизоти нав барои Маркази миллии ҷарроҳии дилу раг

Декабрь 28, 2012 14:52

Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ба Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу раги Вазорати тандурустии ҶТ як миқдор таҷҳизоти тиббиро тақдим намуд. Дар маросими супурдани таҷҳизоти тиббӣ муовини вазири тандурустии ҶТ Соҳибназар Раҳмонов ва Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Хироюки Имахаши иштирок доштанд. Тавре ки аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, арзиши умумии таҷҳизот 111 ҳазору 736 доллари ИМА – ро ташкил медиҳад.

Декабрь 28, 2012 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш