Таҷлили 70-солагии Ҷӯрабек Муродов дар Суғд
Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар шаҳри Хуҷанд ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 70- солагии Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродов доир гардид. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода соҳибҷашн, Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродовро бо ҷашни милод ва панҷоҳсолагии фаъолияти эҷодиаш аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят табрику таҳният гуфта, саҳми Ҷӯрабек Муродовро дар тарғиби санъати тоҷик назаррас арзёбӣ намуд. Ӯ Ҷ. Муродовро ҳофизи миллии халқи тоҷик номида, гуфт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҷабҳаҳои дигар фарҳанги тоҷик рӯ ба рушд овардааст ва дар қатори нобиғаҳои санъат — Ҳоҷиабдулазиз, Акашариф Ҷӯраев, Зафар Нозимов, Боймуҳаммад Ниёзов ва дигарон Ҷӯрабек Муродов низ ифтихори миллати тоҷик мебошад.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки барои хизматҳои шоёнаш дар рушду нумӯи санъату фарҳанги тоҷик раиси вилоят ба Ҷӯрабек Муродов ҳуҷҷатҳои ҳуҷраи истиқоматиро аз маркази вилоят инъом кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






