Таълимоти Конфутсий интиҳо надорад

Декабрь 13, 2012 12:20

Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). – «Таълимоти Конфутсий беинтиҳост» — чунин буд мавзӯи мизи мудаввар, ки чанде пеш дар Маркази илму фарҳанги Русия воқеъ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ибтикори намояндагии ҳамкории Русия дар Тоҷикистон, маркази Конфутсий дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистону Чин» роҳандозӣ шуд. Раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистону Чин», ректори Донишкадаи давлатии забони Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода профессор Хуршед Зиёев ва донишҷӯи донишкадаи мазкур Юлия Шайхризоева дар мавзӯъҳои «Ҳаёту эҷодиёти файласуфи бузург Конфутсий», «Анъанаҳои таълимоти Конфутсий», «Конфутсий ва адабиёти рус» гузориш доданд.Дар хотима роҳбари Маркази Конфутсий аз ҷониби Чин Ден Син ва аз ҷониби Тоҷикистон Рустам Шодиев иштирокдорони мизи мудавварро бо фаъолияти Маркази Конфутсий, ки аз соли 2009 инҷониб дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дорад, шинос намуданд.

Декабрь 13, 2012 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд