«Талко» ба сокинони пойтахт гармӣ медиҳад
Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). – Корхонаи воҳиди давлатии «Талко» корҳоро ҷиҳати дар дегхонаи қисми шарқии шаҳри Душанбе насб намудани ду генератори истифодакунандаи газ анҷом дод. Таҷҳизоти нав бо супориши Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон насб гардид. Назар ба суханони раиси Раёсати иттилоот ва равобит бо аҳли ҷамъияти Корхонаи воҳиди давлатии «Талко» Игор Сатторов, генераторҳои истифодакунандаи газ имкон медиҳанд, ки хонаҳои истиқоматӣ ва кӯдакистону мактабҳои қисми шарқии шаҳр бо оби гарм ва ҳарорат таъмин шаванд. То имрӯз генератори якум пурра мавриди истифода қарор дода шудааст, ки се шаҳрак як мактаб ва 2 кӯдакистонро бо гармӣ таъмин менамояд. Рӯзҳои наздиктарин генератори дуюм пурра насб мешавад. «Насби генераторҳои истифодакунандаи газ дар дегхонаи қисми шарқии шаҳри Душанбе тӯҳфаи солинавии Ширкати алюминии Тоҷикистон барои сокинони пойтахт аст», — зикр намуд роҳбари хадамоти матбуоти Корхонаи воҳиди давлатии «Талко» Саёҳат Қодирова.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






