Ташкили корҳои ҷамъиятии музднок
Душанбе, 19 декабр. (АМИТ Ховар, Заррина Саидова ).- Дар 9 моҳи соли равон мақомоти Агентии шуғли аҳолӣ тибқи 170 шартномаи тарафайн бо корфармоён 4383 нафар бекорони номнависшударо ба корҳои ҷамъиятӣ фаро гирифт. Аз шумораи шаҳрвандоне, ки ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб шудаанд, 1862 нафарро занон ва 1723 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.Барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва пешгирии хавфи сар задани офатҳои табиӣ ба сабаби баланд шудани сатҳи оби дарёҳо ва омодагӣ ба мавсими обёрӣ дар минтақаи Кўлоб ва ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон аз шаҳрҳои Кўлоб 40 нафар шаҳрванд, аз Норак 18 нафар ва аз ноҳияи Ховалинг 20 нафар сафарбар шуданд. Ҳамчунин барои пешгирии офатҳои табиӣ дар вилояти Суғд ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳрҳои Истаравшан -30 нафар, дар Панҷакент -25 нафар ва дар ноҳияҳои Румӣ -20 нафар, дар Варзоб -20 нафар тавассути корҳои ҷамъиятӣ ба шуғли муваққатӣ ҷалб гардиданд. Дар ҳамин замина иловатан 50 нафар шаҳрванди бекор тавассути корҳои ҷамъиятӣ барои пешгирӣ ва бартараф намудани офатҳои табиӣ ба ноҳияҳои ВМКБ сафарбар шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






