Тасвиби санади муҳими молиявӣ аз сўи парлумон

Декабрь 26, 2012 16:32

Душанбе, 26 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «То охири соли 2015 сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то 31, 5 % коҳиш дода шуда, ҳиссаи табақаи миёна, хусусан ҳиссаи табақаи миёнаи сатҳи байналмилалӣ то 29, 5 % афзоиш меёбад». Ин матлабро Шариф Раҳимзода-вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ зимни тавзеҳи лоиҳаи “Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013 -2015», ки имрўз палатаи поёнии парлумони мамлакат ба тасвиб расонд, баён кард. Шариф Раҳимзода афзуд, ки лоиҳаи стратегияи мазкур бо иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ, қишрҳои мухталифи ҷомеа, намояндагони вазорату ниҳодҳои марбутаи кишвар омода гардид ва аз сўи Ҳукумати мамлакат маъқул дониста шудааст. Ҳадафи таҳияи лоиҳаи стратегияи мазкур баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти миллӣ, таъмини иҷрои индикаторҳо-нишондиҳандаҳое, ки дар стратегияҳои қаблӣ ва ҳозира пешниҳод шудаанд, ба шумор меравад. Дар доираи татбиқи ду Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардуми Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ аз 82% то 39, 6 % коҳиш ёфтааст. Дар Стратегияи мазкур самтҳои фароҳам овардани шароити умумии рушд бо назардошти ислоҳоти идораи давлатӣ ва таҳкими равандҳои рушди иқтисоди миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисод дар заминаи рушди бахши хусусӣ, ҷалби инвеститсия, рушди миллии инсонӣ ва афзоиши ҳиссаи аҳолии дорои сатҳи зиндагии миёна ҳамчун нерўи пешбарандаи ҷомеа, дар маҷмуъ беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои мушаххас пешбинӣ гардидаанд. Стратегияи мазкур аз 5 бобу 18 бахш иборат аст ва дар ҷараёни татбиқи он бояд 160 индикатор /нишондиҳанда/ бо иҷрои 327 тадбир таъмин шавад. Боби сеюми санади мазкур ба ҳадафҳои стартегии давлат дар масъалаҳои рушди саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа, кишоварзӣ бахшида шудааст. Боби чорум боби иҷтимоист ва он ба таҳкими ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, беҳбуди бахши тандурустӣ, суботи экологӣ ва ба масъалаҳои гендерӣ бахшида шудааст. Татбиқи онҳо имконият медиҳад, ки масъалаҳои бахши иҷтимоӣ ҳал гардида, сатҳи некӯаҳволии ҷомеа баланд бардошта шавад. Боби панҷуми ин санади муҳими молиявӣ ба идораи раванди татбиқи Стратегия, муайян намудани манбаъҳои маблағгузорӣ, мониторинг ва арзёбии он, сари вақт мутобиқ намудани он ба вазъияти иқтисодию иҷтимоии мамлакат нигаронида шудааст. Ин Стратегия аз стратегияҳои қаблӣ бо он тафовут дорад, ки нигоҳи Хукумати кишвар ба масъала камтар тағйир ёфтааст, таъкид кард вазир. Тибқи ин санад сатҳи таваррум дар мамлакат то соли 2015 бояд то 7% нигоҳ дошта шавад. Вазири рушди иқтисоди кишвар зикр намуд, ки агар раванди буҳрони иқтисодии Аврупо идома ёбад, ё вазъи иқтисодии кишварҳои шарики иқтисодии Тоҷикистон тағйир ёбаду ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонад, дар он сурат нишондиҳандаҳо дигар мешаванд. Яъне, татбиқи амалии ин санади молиявӣ ба фазои иқтисодии кишварҳои шарику ҳамсуди давлати мо вобастагӣ дорад. Бояд тазаккур дод, ки ҳуҷҷати умумии молиявии ин санад аз рўи тадбирҳои махсуси амалиёт 18, 7 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, ба бахши функсионалӣ 0,7 миллиард сомонӣ, бахши иқтисодӣ 17, 1 милиард сомонӣ ва бахши иҷтимоӣ 0, 9 милиард сомонӣ нигаронида шудааст. Аз 18, 7 миллиард сомонӣ 3 миллиард сомониаш саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таъминоти молиявии стратегияи навбатӣ 75 % аст. Сарчашмаҳои молиявии стратегияи қаблӣ 35 % -ро ташкил медоданд.

Декабрь 26, 2012 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
6 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд