Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҶТ
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамбастагӣ бо раёсати хизмати давлатӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии кишвар курси такмили ихтисосро аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои сармутахассисони воҳидҳои сохтории кумита оғоз гардид. Дар ифтитоҳи расмии он, ки бо иштироки роҳбарияти Кумита ва Донишкада сурат гирифт, раиси Кумита М. Неъматов суханронӣ намуд. Раиси Кумита М. Неъматов оид ба сиёсати давлатии ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро таъкид дошт, ки минбаъд барои татбиқи сиёсати давлату ҳукумат дар ҳар се самт аз ҳамаи имконоти мавҷуда истифода бурда, барои ободу зебо сохтани ватани маҳбубамон Тоҷикистон саҳм гузоранд. Ёдовар мешавем, курси мазкур, ки дар тӯли як ҳафта сурат мегирад, (аз 3 то 8 декабр) донишҳои сиёсиву фарҳангии кормандони сохторҳои амудии кумитаро тақвият мебахшанд. Онҳо аз таҷрибаи якдигар баҳрабардорӣ намуда, минбаъд барои татбиқи сиёсати давлатии соҳа ҳиссаи арзандаи хешро мегузоранд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






