Теъдоди беморони зуком меафзояд
Хоруғ, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Баробари фаро расидани фасли сармо шумораи гирифторони бемории зуком дар вилоят зиёд мегардад. Зуком бемории вирусиест, ки ба қобилияти муҳофизатӣ, муқовимати бадан, омилҳои хӯрок, муҳит, тарзи ҳаёт ва нигоҳубин вобастагии зич дорад.Ба гуфтаи Зебӣ Иноятова — директори Маркази саломатии шаҳри Хоруғ, ин бемории шадиди роҳҳои нафас мавсимӣ мебошад ва 2 ҳафтаи охир шумораи ин гуна беморон дар маркази саломатии шаҳри Хоруғ ба 49 нафар расидааст. Духтурони оилавӣ ва ҳамшираҳои шафқати марказ баҳри пешгирии ин беморӣ тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд, то ҳарчи зудтар теъдоди беморонро кам намоянд.- Вируси зуком аз шахси бемор ба одами солим ҳангоми атса задан, сулфа ва гуфтугӯ мегузарад, — мегӯяд духтури тибби оилавии маркази мазкур Гулноз Нурҳаётова. —Ба бемории зуком аслан кӯдакон, занони ҳомила, калонсолон ва одамоне, ки ба бемориҳои музмин ё худ давомдор гирифторанд, мубтало мегарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






