Телефони боварии БМТ барои ислоҳи камбудӣ дар POS-терминалҳо

Декабрь 13, 2012 17:33

Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Вазъи феълии фаъолияти банкоматҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, макони ҷойгиршавӣ ва бо пули нақд таъмин кардани онҳо, мушкилоте, ки дар ин бахши хизматрасонии бонкӣ мавҷуданд ва паҳлуҳои дигари масъалаи номбурда 10 декабр зимни машварате дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти ташкилотҳои қарзии мамлакат мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.  Дар оғози ҷаласа раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов изҳор намуд, ки тибқи маълумоти омодашуда то 1 ноябри соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ 416 банкомат мавҷуд аст. Бо мақсади муайян намудани дараҷаи фаъолияти банкоматҳо тайи ду рӯз комиссияи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ санҷиш гузаронда, маълум кард, ки аз 200 банкомати санҷидашуда 54 -тои он бо сабабҳои техникӣ, надоштани пул ва ғайра фаъол нестанд. Ҳамчунин маълум гардид, ки вазъи ташвишовар бештар дар шаҳри Душанбе ба назар мерасад. Дар робита ба ин, ба бонкҳо тавсия дода шуд, ки дар рӯзҳои баланд будани талабот ба пули нақд – рӯзҳои додани маош, стипендия, нафақа ва дигар намуди пардохтҳо нуқтаҳои иловагии пешниҳоди пули нақд, ки бо PОS-терминалҳо ҷиҳозонида шудаанд, ташкил шаванд, инчунин ба коршоямии шабонарӯзии банкоматҳо диққати ҷиддӣ дода шавад. Дар баробари ин, дар марказҳои савдо ва бозорҳо ҷойгир намудани POS-терминалҳо барои ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои пластикӣ мувофиқи матлаб аст. Аз хадамоти матбуоти БМТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо мақсади таҳлили ҳамаҷониба ва ҳалли фаврии мушкилоти фаъолияти банкоматҳо ва дигар масъалаҳои истифодаи кортҳои пластикӣ рӯзҳои наздик Бонки миллии Тоҷикистон хадамоти телефони бовариро ба роҳ мемонад ва ҳар муштарӣ метавонад аз камбудию нуқсонҳои ҷойдошта бонкро огоҳ намояд.

Декабрь 13, 2012 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд