Тоҷикистон Беларусро дастгирӣ мекунад
Москва,31 декабр.(АМИТ«Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- 28 декабр Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қ.Қоимдодов ҳангоми мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус С.Алейник дар хусуси омодагии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии Ҷумҳурии Беларус ҷиҳати азнав оғоз намудани баррасии масъалаи гирифтани мақоми давлати нозир дар назди Созмони Ҳамкории Шанхай тазаккур дод.Сафир, аз ҷумла қайд намуд, ки роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои Беларусро ҳамчун шарики дерина ва боэътимод ҷиҳати эътироф ба ҳайси давлати нозир дар СҲШ пазируфта, онро дар ҷараёни қабули қарор дастгирӣ хоҳад кард.Дар навбати худ ҷаноби С.Алейник нисбат ба ҷонибдорӣ ҷиҳати баланд гардидани мақоми Беларус дар Созмони Ҳамкории Шанхай ба роҳбарияту ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ баён намуд. Ӯ инчунин қайд кард, ки таҷрибаи Тоҷикистон ҳамчун узви СҲШ барои Беларус хеле пурарзиш буда, метавонад яке аз масъалаҳои баррасӣ дар машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду ҷониб гардад. Изҳор гардид, ки Беларус мақсад дорад, дар соли 2013 бо дастгирии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамҷавор ҳамчун давлати нозир дар Созмон эътироф шавад.Ҷонибҳо зикр намуданд, ки ҳамкории байни Тоҷикистону Беларус дар заминаи анъанавии дӯстӣ, шарикӣ ва эҳтироми якдигар бо назардошти манфиатҳои мутақобила сурат мегирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус наздикии мавқеашонро дар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ чандин маротиба изҳор намуданд. Аз ҷумла, чунин ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои эътирофгардидаи байналмилалӣ — СММ, ИДМ, СААД, АвруОсиё фаъолона густариш ёфта, ҷиҳати таҳкими бехатарию устувории минтақа ва рушди минбаъдаи равандҳои ҳамгироӣ равона шудаанд.Вобаста ба ин, Сафир ба ҷониби Беларус ҷиҳати дастгирии иқдомоти Тоҷикистон дар СММ оид ба масъалаҳои об, аз ҷумла барои розигии Беларус ба ҳайси ҳаммуаллифи лоиҳаи қатъномаи «Амалисозии Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» изҳори сипос намуд.Ҷонибҳо идомаи чунин ҳамкориҳои мутақобиларо дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамчун падидаи мусбат зикр намуданд.Дар ин бора ба мухбири АМИР «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






