Тоҷикистон дар форуми «Ҳамгироии АвруОсиё»
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Раиси Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ Армен Смбатян дар ҳошияи форуми «Ҳамгироии АвруОсиё» бо ҳайати намояндагони ҷавони аҳли тиҷорат ва ҷамъиятии кишварҳои аъзои ИДМ мулоқот анҷом дод.Форум аз 23 ноябр то 5 декабр дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт – Петербурги Федератсияи Русия давом мекунад. Тавре ки аз Бунёди байналмилалии ҳамкории гуманитарӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот аз ҷониби Тоҷикистон кормандони Бонки миллии кишвар ширкат доранд.Армен Смбатян дар ҷараёни мулоқот ба меҳмонон аз самтҳои асосии фаъолияти Бунёд ва лоиҳаҳои нави он нақл карда, зарурати ҳамкории кишварҳои аъзои ИДМ аз рӯи самтҳои мухталифро ба таври махсус қайд намуд.Дар ҷараёни мулоқот масоили муҳими ҳамкорӣ ва равандҳои ҳамгироӣ дар фазои ИДМ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Вакилон аз лоиҳаю дурнамое, ки баъди иштирок дар барнома ба миён омадаанд, нақл карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






