«Тоҷикстандарт» даъват мекунад
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Мутобиқи Стратегияи рушди инфрасохтори миллии сифат ва дар доираи татбиқи Барномаи давлатии сифат, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №512 аз 2 октябри соли 2012 тасдиқ шудааст, Агентии «Тоҷикстандарт» тасмим гирифтааст, ки барои фароҳамсозии шароит ҷиҳати тавлиди молу маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, афзун намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти босифати, бехатар ва каммасраф, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани усулҳои муосир ва намудҳои идоракунии сифат, солимгардонии муҳити зист, ҳамчунин сарфаи ашёи хом ва нерўи барқ як қатор тадбирҳоро амалӣ намояд, ки ин ба баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти корхонаҳои ватанӣ ва хизматрасонии онҳо, иқтидори содиротии ҷумҳурӣ ва саҳм гузоштан дар рушди иқтисоди мамлакат мусоидат менамояд. Бо назардошти он ки, ҷорӣ намудани системаи идоракунии сифат, тақозои замон ва яке аз талаботҳои асосии Барномаи давлатии сифат аст, барои фаъол намудани корҳо ҷиҳати ҷорӣ намудан ва сертификаткунонии системаҳои гуногуни менеҷмент, аз ҷумла тибқи стандартҳои байналмилалии ИСО (Ташкилоти байналмиллалӣ оид ба стандартизатсия) дар корхонаҳои ватанӣ, аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Зеро, ҷорӣ намудани системаи идоракунии сифат, тавре ки қайд гардид, ба корхонаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасониҳо манфиатҳои зиёде меорад.«Тоҷикстандарт» ҳамчун мақомоти салоҳиятдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сертификатсиякунонӣ омўзиш ва корҳоро оид ба сертификатсияи системаи сифат тибқи стандартҳои системаи менеҷменти сифат, системаи идоракунии экологӣ, системаи идоракунии энергетикӣ, системаи менеҷменти бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ, идоракунии хизматрасонӣ ва ғайраҳо амалӣ менамояд. Дар ин самт аз тарафи Агентӣ курсҳои омўзишӣ ва семинар машваратҳо гузаронида шудаистодаанд.Бо истифода аз фурсат, аз ҳамаи соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва масъулини муассисаҳои хизматрасонӣ даъват менамоем, ки манфиатҳои ҷорӣ намудани системаи менеҷментро тибқи стандартҳои байналмилалӣ ба инобат гирифта, ба Агентии “Тоҷикстандарт” муроҷиат намоянд. Имрўз “Тоҷикстандарт” дорои аудиторони сатҳи байналмилалӣ буда, омода аст, барои ҷорӣ намудани ин система ба корхонаҳои ватанӣ кўмаки ҳамаҷониба расонад ва ба корхонаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасониҳо сертификати системаи менеҷменти сифатро таъмин намояд.Барои маълумот ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:Ш.Душанбе, Н.Қарабоев 42/2Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдоиназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (“Тоҷикстандарт”)Тел.233-68-69, 6008148Сомонаи интернетӣ: www.standard.tj E-mail: info@.standard.tj








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






