Вакилони шаҳрӣ дар «Душанбе-Плаза» ҷамъ меоянд
Душанбе, 5 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати чорум 20 декабр дар толори «Душанбе-Плаза» баргузор мегардад. Дар ин хусус Маҳмадсаид Убайдуллоев –раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қарори марбута ба тасвиб расонд. Интизор меравад, ки вакилони шаҳрӣ маҷмўи масъалаҳои марбут ба рушди иқтисодию иҷтимоии пойтахтро матраҳ месозанд. Дар назди вакилон раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев «Оид ба иҷрои барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2012, нақшаҳои рушд, буҷаи шаҳри Душанбе ва вазифаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2013 ва тасдиқи иҷрои буҷаи шаҳри Душанбе дар соли 2011» ҳисобот медиҳад. Дар фарҷоми иҷлосия як силсила қарорҳои раиси шаҳр тасдиқ мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






