Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- 5 декабри соли ҷорӣ дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо роҳбарияти ширкати «Khoday Group of Industries»-и Ҷумҳурии Ҳиндустон Шрихари Ходай – директори ширкат ва Р.Раҷа — ноиби директор баргузор гардид.Дар вохурӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла шуруъ намудани АТИ-и (ТЭО) лоиҳаҳои сохтмони НБО-ҳо дар дарёҳои Фондарё бо иқтидори 150 мВт ва Оби Хингов бо иқтидори 850 мВт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Пас аз вохўриҳо ва гуфтушунидҳо дар асоси Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ, ки байни вазорат ва ширкати номбурда дар доираи сафари расмии Президенти кишвар ба Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шаҳри Ню-дели 3 сентябри соли 2012 ба имзо расидааст, Ёддошти тафоҳум ҷиҳати татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ бо ширкати мазкур ба имзо расид.Ҷонибҳо аз натиҷаҳои мулоқот изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариши ҳамкориҳо дар ин самт ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






