1,1 млрд. сомонӣ барои рушди соҳибкорӣ дар Суғд

Январь 31, 2013 11:48

Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар самти беҳтар намудани имкониятҳои дастрасии қарзҳои хурд ба соҳибкорону тоҷирон, такмил додан ва содда гардонидани низоми воридоту содироти молу маҳсулот, ҷорӣ кардани усули “Равзанаи ягона” ва амсоли инҳо дар вилояти Суғд як силсила корҳои судбахш анҷом дода шуданд. Ин нукта зимни мулоқоти раиси вилоят бо соҳибкорон 29 январ зикр гардид. Мавриди зикр аст, ки танҳо дар соли 2012 ба соҳибкорон аз ҷониби ташкилотҳои қарзии вилоят ба андозаи 1,1 млрд. сомонӣ захираҳои қарзӣ пешниҳод шуд, ки он 70 фоизи қарзи умумиро ташкил дода, ин раванд ба беҳтар шудани дастрасии захираҳои молиявӣ ба соҳибкорон ва вусъати фаъолияти онҳо боис гардид. Ҳамзамон маблағгузорӣ барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ пайваста ташаккул ёфта, соли равон ба ин соҳа зиёда аз 800 млн.сомонӣ қарзҳо пешниҳод гардиданд.

Январь 31, 2013 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд