1,5 миллион сомонӣ- кӯмак ба зарардидагон

Январь 18, 2013 17:03

Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- «Аз хисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз тарафи Ҳукумати ҶТ барои зарардидагони оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда кӯмаки яквақтаинаи пулӣ ба маблағи 1 миллиону 358 ҳазору 700 сомонӣ ҷудо гардидааст», — гуфт ба хабарнигорони ВАО имрӯз раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ Хайриддин Абдураҳимов.  Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки ташкилоту созмонҳои башардӯстонаи байналмилалӣ ҷиҳати расонидани кӯмакҳо ба зарардидагон саҳми худро гузоштанд. Аз ҷумла, ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ташкилотҳои ғайридавлатии Кореяи Ҷанубӣ «Международное добрососедство» ва «Глобал Партнерст».«Маблағи умумии кӯмакҳои аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ба зарардидагон расида ҷамъ 252 ҳазору 713 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад», зикр кард Хайриддин Абдураҳимов.

Январь 18, 2013 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад