1 млрд. 200 млн. сомонӣ барои корҳои барқарорсозии Роғун
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Барои корҳои барқарорсозӣ дар НОБ «Роғун» дар соли 2013 аз буҷа 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда буд, аммо бо мувофиқа бо Бонки ҷаҳонӣ ин ба 946 миллион сомонӣ поён бурда шуд»,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов. Вазири молия афзуд, ки мувофиқи нақшае, ки мо дорем, корҳо рафта истодаанд ва дар доираи ҳамин маблағгузорӣ низ таъмин шуда истодааст. Ин назорат аз ҷониби вазорати мо қариб ҳар рӯз бурда мешавад. Дар ҳақиқат дар доираи ҳамон нақша баъзе корҳое ҳастанд, ки онҳо ба муҳлатҳои дигар гузаронида шуданд. Мо барои ин пешакӣ маблағгузории онҳоро накардем. Аммо дар сурати зарурат Ҳукумати Тоҷикистон омодааст, ки барои барқарорсозии корҳо маблағи иловагӣ ҷудо намояд. Аз рӯи иттилои С. Наҷмиддинов, дар соли сипаригардида дар доираи 110 млн. сомонӣ маблағгузорӣ нашуд. Ин маблағҳо дар депозитҳои вазорати мо ҷойгир шудаанд, гуфт вазир.








Пагоҳ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МЕРОСИ МО». Муассисаи фарҳангии ЭКО нахустин ҷашнвораи байналмилалии аксбардории мобилӣ баргузор менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад






