1 млрд. доллар сармоягузории Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон
Душанбе, 22 январ. АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи доимии Бонки рушди Осиё (БРО) Си Си Юро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкориҳои кунунӣ ва гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ин ниҳоди молиявӣ баррасӣ гардиданд. Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи кунунии ҳамкориҳои ду ҷониб изҳори қаноатмандӣ карда, изҳори итминон намуд, ки дар ҳамкорӣ бо намояндаи тозаинтихоби Бонки рушди Осиё дар кишвар равобити ҳасанаи ҷонибҳо беш аз пеш тақвият хоҳад ёфт. Си Си Ю саҳми Бонки рушди Осиёро дар самти пазируфта шудани Тоҷикисон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо назаррас арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ намуд, ки ин омил ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии БРО бо Тоҷикистон нақши муассир хоҳад гузошт. Бо ёдоварӣ аз он, ки имсол аз барқарории муносибатҳои Тоҷикистон бо Бонки рушди Осиё 15 сол пур мешавад, Си Си Ю гуфт, то имрӯз БРО ба Тоҷикистон дар самти татбиқи якчанд лоиҳа беш аз 1 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кардааст.
Зимни таҳлил ва баррасии ҳамкориҳои мутақобил иттилоъ дода шуд, ки нақша ва лоиҳаҳои БРО дар Тоҷикистон асосан дар ду бахш – нақлиёт ва энергетика роҳандозӣ мегардад. Таъкид шуд, ки баромадани Тоҷикистон аз буҳрони энергетикӣ яке аз ҳадафҳои меҳварии БРО ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, Бонки рушди Осиё тасмим дорад, то дар ин самт якчанд лоиҳаи навро рӯи кор орад. Ба таъкиди Си Си Ю бидуни рушди бахши хусусӣ наметавон ба рушди воқеӣ расид, аз ин лиҳоз бояд ҳар ду ҷониб дар ин самт ба ҳамкориҳои худ тақвият бахшанд. Зикр шуд, ки стратегияи нави ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Бонки рушди Осиё, ки фарогири соҳаҳои энергетикаву нақлиёт ва рушди бахши хусусӣ хоҳад буд, барои солҳои 2014- 2018 таҳия хоҳад гашт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






