10 иқдоми «Созандагони Ватан»
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» барномаи «Даҳ иқдоми «Созандагони Ватан» бахшида ба 20- солагии Артиши миллӣ» тасдиқ гардид. Татбиқи ин барнома аз 1 феврал оғоз гардида, то охири моҳ идома меёбад ва он фарогири даҳ чорабинии сатҳи ҷумҳуриявию минтақавӣ буда, баргузории мулоқоти ҷавонон бо намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таърихи таъсиси Артиши миллӣ, ташкил ва баргузории озмуни ҳарбию ватандӯстии «Ҳомиёни Ватан», ташкили сайри ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ, омода намудани маводу мусоҳибаҳо бо собиқадорони соҳа, баргузории Фестивали мусиқии «Васфи Ватан», даъвати шанбегӣ барои тоза намудани оромгоҳи шаҳидоне, ки дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ ҷон нисор кардаанд, аёдати оилаи онҳо ва дигар чорабиниҳоро дар назар гирифтааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» раиси ташкилоти «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов иттилоъ дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






